Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар таърих

Рӯзи муҳофизати Ватан соли 2002-юм пайдо шуд. Баъд аз ин 23 феврал расман мақоми рӯзи истироҳатиро гирифт ва на танҳо рӯзи касбии ӯҳдадорони ҳарбӣ ва шахсони ба хизмати ҳарбӣ алоқадошта, балки барои ҳамаи онҳое, ки мамлакатро ҳифз мекунанд ё ҳифз карданд, рӯзи истироҳатӣ эълон гардид.

Тоҷикистон ба мерос аз Артиши Шӯравӣ ягон чиз нагирифт, вале Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дивизияи 201-уми мототирандозиро дар шаҳри Душанбе ташкил кард. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳайати калони қӯшунҳои сарҳадбонии Шӯравӣ ҷойгир буд, ки баъдан онҳо ҳайати марзбонони русро ташкил намуданд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошанд, расман 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтанд. Инак, аз он сана 22 сол мегузарад ва дар ин муддат дар ҷумҳурӣ сулҳу субот танинандоз аст ва бо шарофати ҷоннисориву корнамоиҳои ин ҳомиёни Ватан ҳар як сокини кишвар дар фазои осоишта ва эмин аз ҳар гуна хавфу хатар зиндагиву кор карда истодаанд.

Таҳияи С.Шоикова

21.02.2015 17:43
7