Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ дар ноҳияи Панҷ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32 ва 35-солаи сокинони ноҳияи Панҷ, ки якеашон пеш бо қисми 3 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон 18-уми апрели соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар заминҳои корам бо ҳамроҳии бародарон марди 29 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Панҷ аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар ҷангу ҷанҷол намуда, ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо аз дохили замини мазкур 1-адад кедмани хоҷагидориро гирифта, бо он якчанд маротиба дар қисмати бадани марди 29-сола зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи санади ташхиси суддӣ-тиббӣ номбурда ҷароҳатҳои ҷисмонии дараҷаи миёна бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.04.2025 8:28
9