Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки 20-уми апрели соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон ба 30 ҳазор сомонӣ ва 25 ҳазор рубли русӣ, баробар ба асъори миллӣ 3 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 14-уми марти соли 2025, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 20-адад деги таомпазӣ ва 1-адад аробаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 17-уми марти соли 2025, ба хонаи истиқоматии ҷабрдида  даромада, аз он ҷо 44-адад зарфи оҳанин, 2-адад деги таомпазӣ ва 1-адад гармкунаки барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2021 бо қисми 2 моддаи 244 ва қисми 1 маоддаи 339 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми апрели соли 2025, тахминан соати 19:20-дақиқа, бо ҳамроҳии бародари ноболиғи 16-солааш бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 67-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо якчанд намуд лавозимоти рӯзгор ва ашёҳои хонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.04.2025 8:15
15