Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди 53-сола барои азонихуд намудани маблағи барқ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз 8-уми январи соли 2021 то инҷониб дар вазифаи назоратчии барқи Шабакаҳои барқии ноҳия кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш солҳои 2024-2025 аз 24 сокини ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи мазкур аз 30 то 500 сомонӣ, дар умум 30 ҳазору 870 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, аз ин маблағ 6 ҳазору 600 сомониашро ба суратҳисоби ташкилоти барқӣ ворид карда, боқимонда маблағи 24 ҳазору 270 сомониро азонихуд намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.04.2025 8:28
101