Дастгир гардидани зани 67-сола бо гумони қаллобӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 65-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022, ҳангоми дар кӯчаи Чашмасори шаҳри Душанбе қарор доштанаш “Маҳбуба” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 62 ҳазору 855 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки ба ӯ як манзили истиқоматиро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта, медиҳад, аммо ӯ то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 67-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.