Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 36-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 6-уми арели соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, ба назди марди 38-солаи сокини ноҳияи Зафаробод барои бо воситаи трактораш кишт карда додани заминҳояш ҳозир гашта, бинобар сабаби якдигарнофаҳмӣ бо ҷабрдида баҳсу муноқиша намуда, бо дасташ як маротиба ба рӯяш зарба зада, баъдан ошкорро 1-адад зарфи полителинии ғунҷоишаш 20-литра, ки дар дохилаш маводи сӯзишвории дизелии соляркабударо тасарруф намуда, ба бағочи воситаи нақлиёташ бор карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.04.2025 8:15
19