Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ тақвият меёбад

Дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2025 Нуқтаи сайёри милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Сафарзода Нуралӣ ба шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Лоҳутӣ сафарбар гардиданд.
Зимни сафар ҳайати Нуқтаи сайёри милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо аҳолии минтақа вохӯрии судманд баргузор намуда, муроҷиатҳои онҳоро аз наздик кабул ва ба расмият дароварданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорат, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, инчунин Раиси Шурои ҷамъиятии Вазорат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва пешниҳоди таклифоҳои муфид ҷараён гирифта, ба сокинон  оиди талаботҳои қонунгузорӣ дар самти танзиму анъана, масъулият барои тарбияи кӯдак ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ маълумот ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон, дар доираи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ Нуқтаи сайёри милитсияи вазорат вазифадор карда шудааст, ки ҳар рузи шанбе ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуда, бо аҳолӣ вохӯрии судманд баргузор намоянд.
Бинобар ин, сокинон метавонанд дар вохӯриҳои мазкур иштирок намуда, доир ба саволҳои худ дар самтҳои дахлдор машваратҳои ҳуқуқӣ гиранд.

21.04.2025 9:14
23