Ташкил намудани фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 44-солаи сокини шаҳри Роғун, корманди меҳмонхонаи ҶДММ “Эҳёи Роғун”, 11-уми апрели соли 2025, фоҳишахона ташкил намуда, аз ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ва духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ маблағи 250 сомонӣ гирифта, дар як ҳуҷраи меҳмонхонаи “Эҳёи Роғун” барои анҷом додани ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҷой намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.