Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи "Скутер" дар садамаи  нақлиётӣ

16-уми апрели соли 2025, тахминан соати 13:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте», Саидов Саидислом Саидкаримович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи барқии тамғаи «Скутер» таҳти идораи Исоев Ашур Амирхонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи дучархаи мазкур Исоев А.А. ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

17.04.2025 8:52
32