Ошкор шудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби колрмандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» амал намуда, тахминан муддати як сол ғайриқонунӣ ба мубодила бо асъори хориҷӣ машғул гардидааст.
Инчунин ҳангоми санҷиш аз ҷайби гумонбаршаванда купюраҳои гуногун баробар ба 57 ҳазор сомонӣ, ки онро бояд ба нафари дигар ба маблағи 5 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ғайриқонунӣ мубодила мекард, дарёфт ва тибқи санад гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.