Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаи азонихудкунии чорво

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15 апрели соли 2021, аз марди 61-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тибқи шартномаи шифоҳӣ 65-сар чорвои майдаи шохдорро қабул намуда, барои нигоҳубин гирифтааст. 
Гумонбаршаванда 65-сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 124 ҳазору 260 сомонӣ фурӯхта, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар сехи бозори ҶДММ «Бунёдкор», ки бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ фаъолият менамуд, 12-уми марти соли 2025, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо роҳи азонихудкунӣ, бе иҷозат ва бе бақайдгирӣ як дари яктабақаи пластикӣ ва 1 адад  тирезаи дутабақаро ба маблағи 3 ҳазор 50-сомонӣ фурӯхта, маблағи мазкурро азонихуд намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.04.2025 8:47
16