Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 48-сола бо ҷурми қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 10-уми июни соли 2018 ҳангоми дар кӯчаи Сомон қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини пойтахт даромада, бо ӯ шиносоӣ пайдо намуда, аз ҷабрдида барои пардохти қарзи Бонк 100 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба ӯ ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиашро медиҳад. 
24-уми июли соли 2018 дар кӯчаи Маяковский барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ ба номи ҷабрдида аз ӯ боз 37 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.04.2025 8:44
19