Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза роҳбари ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1-уми январи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонаи ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” даромада, аз онҷо маҳсулотҳои хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 324 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби колрмандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 28 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳрҳои Ҳисору Душанбе содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 19:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Ганҷ” даромада, аз он ҷо 2-адад муҳаррики обкашонӣ, 2-адад зарфи пластикӣ, ки дар дохилашон моеъи равғани молиданӣ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду марди 35-солаи сокинони ноҳияҳои Ховалинг ва Панҷ кормандони ҶДММ “Ганҷ” содир намудаанд.
Ҳамин тариқ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми апрели соли 2025, тахминан соати 21:00, аз хонаи истиқоматии марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур 1-адад қуттии оҳанин (сейф)-ро, ки дар дохилаш 68 ҳазор сомонӣ буд дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.