Боздошти ноболиғи 16-сола барои қасдан расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 17:00, писари ноболиғи 16-солаашро ҳамсинфаш ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр бе ягон асос дар назди деҳаашон бо истифода аз ашёи халандаю бурранда як маротиба ба баданаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.