Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, таҳти идораи ронанда Ёрзода Хайёми Собир, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Сино ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат”, аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шакҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рудакӣ пиёдагард Табарзода Наҷмуддин Сайфиддин, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Файзободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Табарзода Н.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳолакат расидааст. 
15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Султонов Алиҷон Каримҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Ҳ.Шерозии ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузари деҳаи мазкур чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур ноболиғ Атоева Шукрона Мухаммадовна, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Ҷайҳун дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

16.04.2025 8:17
20