Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ворид гардидааст, ки тахминан моҳҳои октябр-ноябри соли 2024, "Мирзо" ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои харидорӣ намудани воситаи нақлиёт маблағи 12 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро то моҳи январи соли 2025 оварда медиҳад, аммо то ҳол бо ҳар баҳона маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти истеҳсоли маҳсулоти “этиленӣ ва полиэтилен” оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи августи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 1-адад манзили истиқоматиро дар масоҳати 75 метри мурабаъ аз бинои баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 42 ҳазор доллари амрикоӣ ба таври ғайринақдӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки маблағашро сари вақт дастрас мекунад, аммо манзили истиқоматиро бар ивази қарзҳои қаблан гирифтааш ҳисоб карда дода, ба ҷабрдида маблағи мазкурро барнагардонидааст. 
Нисбати  гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.04.2025 8:15
18