Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 39-сола барои расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми марти соли 2025, тахминан соати 17:00, ҳангоми дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Суҷинаи шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша намуда, ӯро лату кӯб карда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.04.2025 8:12
14