Дастгир гардидани ду нафар бо гумони дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 17-уми феврали соли 2025, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел Астра”, ки дар маҳаллаи Ҷуйбодоми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беназорат меистод, 7 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19 ва ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.