Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми майи соли 2023, марди 33-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4-адад автомашинаи тамғаҳои «Опел-Астра Н», «Опел-Астра», «Тайота-Версо» ва «Опел-Зафира»-ро дар умум ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки моҳи декабри соли 2023 маблағашро ба пуррагӣ пардохт мекунад, аммо гумонбаршаванда 130 ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимонда 170 ҳазор сомониашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

14.04.2025 15:58
24