Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди марди 51-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 1-уми апрели соли 2025, бо марди 51-солаи сокини шаҳри Исфара дар ҳудуди шаҳри мазкур вохӯрда тавассути ширкати сайёҳӣ ба сафари «Ҳаҷ» равон намудани хешаш маслиҳат намуда, 4-уми апрели соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар назди масҷиди ҷомеаи ба номи «Умари Одил», воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳаитов аз марди 51-сола 2 ҳазор доллари амрикоӣ баробар ба 21 ҳазору 732-сомонӣ  ва 150 ҳазор рубли русӣ баробар ба 19 ҳазору 335-сомонӣ, ҷамъ 41 ҳазору 87 сомонию 60 дирамро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

14.04.2025 8:54
19