Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили ёдбуд: Кардаст баҳри мардум сад ҷон фидо Саюмарс…

Имрӯз (22.02.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ маҳфили ёдбуд бахшида ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов баргузор гардид.
Дар маҳфили ёдбуд Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, падару модари шодравон Саюмарс Гулмадов ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро маҳфилро оғоз бахшида, қайд кард, ки рӯзи 28-уми январи соли 2017, корманди Шӯъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов ҳангоми наҷоти одамон аз зери тарма ҷони худро нисор кард. Ман ба падару модар ва наздикони марҳум, ки имрӯз дар ин маҳфил иштирок доранд, ҳамдардии худро изҳор менамоям. 

Корнамоӣ ва ҷасорату мардонагии старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов дар он лаҳзаҳои душвор ба нафароне, ки ба кӯмаку дастгирии дигарон ниёз доштанд, беҳтарин нишони олии садоқат ба кору вазифа, эҳтиром ба касб, ба ҳаёт ва саломатии онҳо ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якчанд соли охир дар мушкилтарин лаҳзаву соатҳо, алалхусус ҳолатҳои фавқулодда, дар рафъи ҳодисаҳои табиӣ аз қабили сухтор, фаромадани тарма, обхезӣ, ки дар фаслҳои зимиситону баҳор барои мардум мушкилиро пеш меоранд, бо мардум буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Онҳо дар баробари ҳифзи молу ашё ва дороии шаҳрвандон, ҷони худро ба хатар гузошта, ҳаёти дигаронро аз марг наҷот доданд.

Ҳалокати фоҷиавии старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов, гарчанде барои пайвандон ва дӯстону ҳамкоронаш ниҳоят талху вазнин аст, вале набояд фаромӯш кард, ки хотираи неки ӯ ҳамеша ҳамчун як корманди далеру шуҷоъ, ҷавонмарди ҳақиқӣ, ватандӯст ва содиқ ба касби хеш дар қалби ҳазорон нафар ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Ман ба падару модар, омӯзгорон ва онҳое, ки дар таълиму тарбияи старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ менамоям ва таъкид намуданиям, ки бо чунин ҷавонони далеру нотарс, бонангу номус ва қавиирода Ватан ифтихор дорад. Бо такя ба нерӯи созанда, садоқату самимият ба атрофиён ва ҳисси баланди одамдӯстӣ дар замири ин гуна ҷавонон ҷомеа обод ва муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф хоҳанд ёфт.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ бо чунин кормандони содиқ ба касби худ ифтихор дошта, ҳаргиз онҳоро фаромӯш намесозад, корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро барои наслҳои ҷавони милитсия, ҳамчун нишони одамият, устуворию матонат ва қаҳрамон будан дар ҳаёт, тарғибу ташвиқ менамояд.

Сипас, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович ҳамдардӣ ва тасаллияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба падару модари Саюмарс Гулмадов изҳор намуда, зикр кард, ки корнамоии корманди Шӯъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб старшинаи милитсия Гулмадов Саюмарс Аскарович намунаи садоқату матонат ба Ватан, миллат ва давлат буда, хотираи неки ӯ ҳамеша пос дошта мешавад.

Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гулмадов Саюмарс Аскарович пас аз марг бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуда, Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович мукофоти давлатиро ба падари Саюмарс – Аскар Гулмадов супорид.
Ҳамчунин, барои зоҳир намудани ҷасурию далерӣ, матонату шуҷоат ва ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон корманди Шӯъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб сержанти калон Алишер Раҳимзода бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ, барандаи маҳфил – сардабири ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ оид ба шарҳи ҳоли старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов муфассал маълумот дод.
Сипас, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур баромад намуда, доир ба фаъолияти хизматӣ ва хислатҳои ҳамидаи шодравон Саюмарс Гулмадов ибрози андеша намуд.
Ҳамин тариқ, шоҳиди ҳодисаи тармафароӣ шаҳрванд Шарипов Фаридун, кормандони Шӯъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб сержанти милитсия Лоиқи Файзалӣ ва сержанти калон Алишер Раҳимзода баромад намуда, дар бораи воқеи онрӯза ва корнамоии марҳум ёдовар гардиданд.
Дар рафти чорабинӣ падари Саюмарс – Аскар Гулмадов ба сухан баромада, зикр кард, ки ман худ дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 28-и ноҳияи Фархор ҳамчун омӯзгори омодагии ҷисмонӣ ва таёрии ҳарбӣ ба муҳассилин дарс медиҳам ва ҳамеша фарзандонамро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия менамоям. Ин буд, ки писаронам Исфандиёр ва Саюмарсу Каюмарс бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар рафта, пас аз адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кору фаъолият оғоз намуданд.
Ман барои қадрдонӣ ва расонидани кӯмаку ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории худро мерасонам, ки моро дар лаҳзаҳои душвор танҳо нагузошта, дастгирии ҳамаҷониба намуданд.
Дар идомаи маҳфили ёдбуд бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хизмати содиқона ба Ватан, садоқат ба савганд, ҷоннисоркунӣ баҳри манфиатҳои шаҳрвандон ва кӯмаки амалӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни бартарафкунии оқибатҳои лағжиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо Раҳматнома аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд:
- Гулмадов Аскаршо Сафарович – падари марҳум Гулмадов Саюмарс Аскарович – собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ;
- Шукурова Олия Ғафуровна – модари марҳум Гулмадов Саюмарс Аскарович – собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ;
Бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои мусоидат»:
- Шарипов Фаридун Фарҳодович – корманди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Одинаев Алишер Абдуқаҳҳорович – ронанда;
- Раҷабов Олим Яқубович – ронанда.
Барои нишон додани малакаи баланди касбӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва содиқона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ зимни лағжиши тарма дар ҳудуди иншооти муҳофизатшавандаи нақби «Истиқлол» бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД» сарфароз гардонида шуданд:
- капитани милитсия Ҳотамов Давлатшоҳ Аламшоевич – нозири Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД;
- лейтенанти калони милитсия Ризоев Шарифхон Рустамович – навбатдори шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар шаҳри Бӯстон;
Бо нишон сарисинагии «Аълочии милитсия»:
- прапоршики калони милитсия Иброҳимов Файзиддин Исломҷонович – командири шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар ноҳияи Варзоб;
- сержанти калони милитсия Лоиқ Файзалии Розиқзода – милитсионери шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар ноҳияи Варзоб;
Бо медали «Барои хизматҳои шоён» дараҷаи 3:
- майори милитсия Иброҳимов Саттор Асоевич – нозири Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД;
Бо медали «Милитсияи Тоҷикистон»:
- майори милитсия Бойтуров Муртазо Бойхолович – сардори шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар ноҳияи Варзоб;
- майори милитсия Имомёрбеков Қиёбек Аёмбекович – командири взводи шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар ноҳияи Варзоб;
- лейтенанти милитсия Холов Меҳрубон Кароматуллоевич – командири взводи шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар ноҳияи Варзоб;
Бо Раҳматнома аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд:
- полковники милитсия Давлатзода Аҳлиддин Маҳмад –муовини аввали сардори Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД;
- полковники милитсия Қурбонов Саидаҳмад Акбарович –сардори шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД;
- полковники милитсия Раҷабов Тавар Алиакбарович – сардори шӯъбаи Хадамоти «Муҳофиза» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Дар интиҳои чорабинӣ барандаи маҳфил Шерализода Ҳасан Шералӣ зикр кард, ки мо дар ин муддати кӯтоҳ имкон надоштем, ки ҳама паҳлӯҳои зиндагиномаи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадовро, ки барои мо кормандон дарси мардонагӣ ва ибрат аст, ифшо намоем.
Бинобар ин ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» гӯшаи «Онҳо фаромӯш намешаванд»-ро таъсис додааст, ки аз корнамоӣ ва ҷонфидоии зиёда аз 2000 нафар корманди милитсия, ки зимни адои хизмат ҷони худро аз даст додаанд, мақолаҳо дарҷ менамояд ва мо тасмим гирифтем, ки дар бораи шодравон Саюмарс Гулмадов дар ин бахш маълумоти бештаре диҳем.

Маҳфили ёдбуди корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов бо марсияҳои ҳунармандони хушсалиқа Абдулхайри Мумин ва Амрохон Раҳимов ба поён расид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

22.02.2017 18:45
27