Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
10-уми апрели соли 2025, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамған «Опел-Астра», Ибрагимов Обид Баҳромович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Қубодиён дар роҳи калони мошингарди деҳаи Ҳаваскори ноҳияи мазкур барои кумак расонидан дар қисми қафои ядаки воситаи нақлиёташ сечархаи барқии «муравей»-ро, ки таҳти идораи Авалова Мафтуна Музафаровна, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия қарор доштааст, баста кашидааст, ки ҳангоми ҳаракат карданашон ногаҳон сечархаи барқии «Муравей» чаппа шуда, мусофири дохили он хурдсол Авалова Марям Ҳасановна, соли таваллудаш 2024, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми апрели соли 2025, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашини тамғаи «КАМАЗ 55-11», Зайниддини Аломуддин, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми дар хонаи ҳамдеҳааш аз автомашина хоки боркардаашро холӣ карда ба қафо ҳаракат карданаш Рӯзиев Ислом, соли таваллудаш 1946, сокини ҳамин ноҳияро, ки нобино мебошад, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Рӯзиев И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.