Хурдсолонро беназорат нагузоред! Ҳалокати се ноболиғ дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
9-уми апрели соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», Тураев Алиҷон Суҳробович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар зимни автомашинаро дар назди бинои 60-уми кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳри Бохтар гузоштанаш хурдсол Ниёзова Амина Фаруховна, соли таваллудаш 2023, сокини шаҳри мазкурро, ки дар назди бино бозӣ мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ниёзова А.Ф. ҷароҳатҳои вазнини чисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми апрели соли 2025, тахминан соати 19:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шарипов Асламбой Бекназарович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Равшан ба самти шаҳраки Зафаробод дар роҳи мошингарди «Зафаробод-Дӯстӣ» ҳудуди шаҳраки Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба дучархаи тамғаи «Скутер», ки таҳти идораи Розиқов Ҳусейн Раҳматович, соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи тамғаи «Скутер», Розиқов Ҳусейн Раҳматович ва мусофираш Ҳайдарова Фотима Сафаралиевна, соли таваллудаш 1985, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
9-уми апрели соли 2025, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ШАНСИ”, Ҳамза Зафарҷон Тоҳирзода, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Сарғааи ҷамоати деҳоти С.Сурхи ноҳияи мазкур автомашинаи боркашро ба самти ақиб идора намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Азамов Абдулоҷон Курбоналиевич, соли таваллудаш 2023, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Азамов А.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
10-уми апрели соли 2025, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Туқсон”, Мусаев Муҳаммад Суванович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Зафар аз самти кӯчаи Валаматзода дар рӯ ба рӯи манзили истиқоматии №16, пиёдагарди хурдсол, Азизаи Асрор, соли таваллудаш 2021, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Азизаи А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда Мусоев М.С. бо автомашинаи шахсиаш ба беморхона дастрас гардида, хурдсол дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.