Ошкор шудани силсилақаллобиҳои марди 35-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми октябри соли 2024, дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки 5-уми ноябри соли 2024 пулашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накарда, маблағи автомашинаи мазкурро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда 14-уми декабри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай Аксент”-ро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта ваъда медиҳад, ки 14-уми январи соли 2025 маблағашро бармегардонад, аммо пулашро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда 19-уми декабри соли 2024, дар ҳудуди ноҳияи Сино бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”-ро ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, ваъда медиҳад, ки 14-уми январи соли 2025, маблағашро бармегардонад, аммо пулашро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.