Аз беэҳтиётӣ расонидани ҷароҳати вазнин ба додари худ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми марти соли 2025, тахминан соати 10:00, дар манзили истиқоматиаш бо додараш марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша карда, ӯро тела додааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз айвон ба роҳрави назди хонаашон афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 118 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.