Дастгир гардидани ҷавони 18-сола барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 55-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 9-уми апрели соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҳангоми дар назди беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш “Аслиддин” ном шахс ӯро бо корди махсуси дар дасташ буда як маротиба ба шикамаш зарба зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.