Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд дар самти ислоҳоти милитсия 

5-уми апрели соли 2025 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо  намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Ху Тсюнтан вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти амалишавии раванди ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, аз ҷумла роҳандозӣ намудани мубодилаи таҷриба барои кормандон, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар самти киберҷиноятҳо ва дастрас намудани кӯмакҳои техникӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Фаррух Самадзода.

08.04.2025 14:33
17