Ифшо шудани ҳолати азонихудкунии чорво
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи марти соли 2025 дар бӯстонсаройи марди 58-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун посбон кору фаъолият намуда, бо мақсади азонихудкунӣ 2 сар чорвои калони шохдори ҷабрдидаро ба миқдори 11 ҳазор сомонӣ фурӯхта, боз 5 сар чорвои майдаи шохдорро кушта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.