Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғорат намудани пирамарди 74-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми марти соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Д.Халқҳо қарор доштанаш бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти пирамарди 74-солаи сокини пойтахт 30 доллари амрикоӣ ва 700 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

09.04.2025 8:25
26