Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани ҷароҳати вазнин дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 42-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 7-уми апрели соли 2025, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар деҳаи С.Шерозии ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ шахси ношинос бе ягон асос бо корд ба қафаси синаи бародараш марди 43-солаи сокини ҳамин шаҳр зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 62-солаи сокини шаҳри Турсунзода содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

09.04.2025 8:23
21