Вохӯрӣ бо ҳайати гурӯҳи кории ВКД Федератсияи Россия
8-уми апрели соли 2025 вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини сардори Сарраёсати кофтукови ҷиноятии вазорати мазкур генерал-майори политсия Шуров Андрей Викторович баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба