Расонидани ҷароҳат аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 09:10-дақиқа, ҳангоми дар назди мағозаи хусусии “Билол” қарор доштанаш марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ беягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корди ошхонагӣ як маротиба ба бадани ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.