Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 19-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми январи соли 2025, тахминан соати 11:00, шахси ношинос ҳангоми дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасти писари ноболиғи 17-солааш 1-адад телфони мобили тамғаи “Айфон-14 pro max”, ки арзишаш 10 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ азҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини пойтахт, ки пеш ду маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.