Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии ҷавонзани 25-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ худро корманди ширкати “Кор дар Аврупо”  муаррифӣ намуда, аввалҳои соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 11 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 33-солаи сокинони ноҳияи мазкур 850 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки онҳоро дар давлатҳои Аврупо бо кор таъмин менамояд, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

07.04.2025 8:19
48