Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ворид гардидааст, ки 5-уми апрели соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як адад дучархаи Скутери барқиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми марти соли 2025, ҳангоми дар ҳудуди кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур назди беморхонаи №3 қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз терминалҳои ҶДММ “Пардохт-ТҶ” оид ба интиқоли маблағ, купюраҳои бо скоч насб кардаро вориди терминалҳои мазкур намуда ба суратҳисоби ҳамёни электрониаш интиқол намуда, дар ҳол маблағи воридгардидаро бо истифода аз скотчи насбгардида бозпас кашида гирифтааст.
Зарари расонидашуда 41 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, тафтишот идома дорад.