Бо мушт ба ҳалокат расонидани марди дар ҳолати мастӣ қарордошта
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми апрели соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди сокини пойтахтро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, бо мушт як маротиба дар рӯяш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба замин афтида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.