Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 40-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 26-уми марти соли 2025, тахминан соати 09:00, дар ҳолати мастӣ дар дохили автомашинаи мусофиркашони №87-и ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамчун мусофир қарор дошта, ҳангоми дар кӯчаи Д.Самадов расиданаш бо тариқи ошкоро аз дасти ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур телефони мобилии тамғаи «Редми-7»-ро  тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 350 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.04.2025 8:11
17