Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият ёфтани ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия 

5-уми апрели соли 2025 дар доираи Нақша-чорабиниҳои амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники политсия Егоров Алексей Сергеевич вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти амалишавии раванди ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон,  аз ҷумла роҳандозӣ намудани табодули таҷриба барои кормандон, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти алоҳидаи соҳа, дастрас намудани кӯмакҳои техникӣ, омода намудани тарҳи нави либоси корманди политсия, таъсис додани милитсияи патрулӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Фаррух Самадзода

07.04.2025 14:26
26