Дастгир гардидани марди 39-сола барои ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони тайёр кардан, ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи феврали соли 2025, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур дидаю дониста 10 ҳазор доллари амрикоиро, ки дар байни он 600 доллари амрикоии қалбакӣ додааст.
Ҳамчунин зимни идома додани чорабинии мазкур аз гумонбаршаванда 1 ҳазору 800 доллари амрикоии қалбакӣ дарёфт ва гирифта шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.