Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати якчанд нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

29-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Утка” ноболиғ, Уразов Шаҳром Илҳомович, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ноболиғ Мирзоев Алиҷон Насимҷонович, соли таваллудаш 2014, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Мирзоев А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус 350”, Юсуфзода Юсуф Баҳрулло, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Б.Ғафуров аз самти кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Н.Махсум дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Саодат” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Акрамов Ҷасур Фирдавсович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Акрамов Ҷ.Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат мерасад. 
3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 14:00, ронандаи мототсикли тамғаи “Сузуки”, Рислинбоев Олим Тахтамирзоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Гоголи ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, Рислинбоев О.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

04.04.2025 8:27
32