Ошкор шудани дуздӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “БМВ”
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23 ва марди 28-солаи сокинони ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 27-уми марти соли 2025, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт дар дохили бозори захираҳои шаҳри Душанбе аз дохили автомашинаи тамғаи “БМВ”, ки ба марди 56-солаи сокини шаҳри Бустон тааллуқ дорад, 32 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.