Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати авбош
3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 09:10-дақиқа, марди 41-солаи сокини деҳаи Шурчаи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон дар маркази деҳаи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, бо корд ба бадани ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.