Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғорат намудани телефони мобилии тамғаи “Айфон 16” аз дасти ноболиғ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 9-уми марти соли 2025, тахминан соати 21:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи ошкоро дар кӯчаи М.Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз дасти писари ноболиғи 15-солааш як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 16”, ки арзишаш 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

04.04.2025 8:17
23