Баррасӣ намудани фаъолияти Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Нуқтаҳои сайёри милитсия дар ҷарёни амалишавии ислоҳоти милитсия
Нимаи дуюми рӯзи 2-юми апрели соли 2025 дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 дар бинои Вазорати корҳоидохилӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ сардори Департаменти Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷаноби Мирослав Милоевич, мушовири шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Майкл Коппер, Раиси Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ Ятимзода Ҳотам Акрам ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ дурнамои фаъолияти Шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ ва нуқтаҳои сайёри милитсияи вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало нахуст меҳмононро ба Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати пазироии даъвати Вазорати корҳои дохилӣ барои анҷом додани вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки шуроҳои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ дар раванди амалишавии ислоҳоти милитсия мавқеи хоса дошта, зиёда аз 10 сол мешавад, ки онҳо дар татбиқ намудани ҳадафҳои барономаву нақшаи чорабиниҳои ислоҳоти милитсия саҳми босазо доранд. Дар соли ҷорӣ бинобар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Низомномаи шуроҳои ҷамъиятӣ (№59 аз 13-уми феврали соли 2024), ҳайати шуроҳои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он аз нав интихоб карда шуданд.
Зимнан, дар идомаи вохӯрӣ оид ба фаъолияти нуқтаҳои сайёри милитсия табодули афкор сурат гирифта, ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар 17 минтақаҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои сайёри милитсия таъсис дода шуда, тибқи нақшаҳои алоҳида ба минтақаҳои дурдасти аҳолинишин сафар ва арзу шикояти шаҳрвандонро қабул менамоянд.
Фаррух Самадзода