Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди амалишавии Нақша-чорабиниҳои муштарак дар самти ислоҳоти милитсия

Таъмини иҷрои саривақтии Нақша - чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 дар мадди назари роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.
3-юми апрели соли 2025 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо намояндаи Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар Холович вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин, сардорони Маркази таълимӣ, полковники милитсия Аълозода Муҳаммадрасул Аъло, Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ полковники милитсия Икромзода Манучеҳр ва намояндаи РК ва КҲШ подполковники милитсия Сафарзода Саидҷон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 ва чорабиниҳои самти ислоҳоти милитсия, ки аз талаботи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 бармеоянд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.  
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо табодули афкор сурат гирифт.
Фаррух Самадзода

04.04.2025 16:19
23