Ҳалокати пиёдагард дар ҳодисаи нақлиётӣ
2-юми апрели соли 2025, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Қодиров Муҳамадёсин Қосимович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди деҳаи Лакати ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қодиров Бобоҷон Анварҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қодиров Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.