Расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки дар Шабакаҳои барқии шаҳри Ҳисор ба ҳайси устои барқ фаъолият мекунад, бо гумони расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аввали соли 2023 бо бародараш дар манзили истиқоматиашон бе иҷозатномаи дахлдор 5-адад дастгоҳҳои равғанкашӣ аз растании зағирро бо тавоноии умумӣ 16,67 киловат соат насб намуда, онҳоро ғайриқонунӣ ба хати барқ пайваст карда, то ҳол мавриди истифода қарор додаанд.
Мувофиқи санадҳои тартибдодаи мутахассисони Шабакаи барқии шаҳри Ҳисор ва мактуби Шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор гумонбаршаванда бо ин кирдори худ ба ҶСК Шабакаҳои барқии шаҳри мазкур, ҷамъ ба маблағи 115 ҳазору 511 сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.