Ифшо шудани азонихудкунии 750 сар чорво
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2024 бо моддаҳои 374 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи октябри соли 2023, дар давоми 12 моҳ, 750 сар чорвои майдаи шохдори марди 52-солаи сокини ноҳияи Аштро, ки барои нигоҳубин кардан гирифта буд азонихуд намуда, ба ҷабрдида ба маблағи 156 ҳазор сомонӣ зарари калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.