Густариши ҳамкориҳо дар раванди амалишавии ислоҳоти милитсия
2-юми апрели соли 2025 дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ сардори Департаменти Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷаноби Мирослав Милоевич, мушовири шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Майкл Коппер ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳо оид ба раванди амалишавии ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷоннок намудани фаъолияти Системаи ягонаи қабул, бақайдгирии аризаю хабарҳо дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо дар РВКД дар шаҳри Душанбе ва таъсис додани милитсияи патрулӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба раванди чорабиниҳои самти ислоҳоти милитсия табодули афкор намуданд.