Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар 

Бо мақсади таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои тахассусӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Академия, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия” бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара ташкил карда шудааст.
Академия фаъолияти худро дар шаш факултет тибқи феҳристи ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, таҳти № 349 тасдиқ шудааст, инчунин, дар курсҳои такмили ихтисос амалӣ менамоянд.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 кафедра ба таълиму тарбияи курсантону шунавандагон машғул мебошанд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон дар самтҳои умумӣ омода гардида, ба хатмкунандагон маълумоти умумии “Ҳуқуқшинос” ва “Бехатарӣ аз сӯхтор” дода мешавад.  
Дар заминаи муассисаҳои олии ҳуқуқии ВКД Федератсияи Россия мутахассисон асосан дар самтҳои зерин омода карда мешаванд, ки барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бениҳоят заруранд.
Аз ҷумла:
- экспертизаи судӣ;
- равоншиноси фаъолияти хизматӣ;
- бехатарии компютерӣ;
- бехатарии иттилоотӣ дар соҳаи телекоммуникатсия;
- технологияи информкоммуникатсионӣ ва системаи алоқаи махсус;
- бехатарии технологияи информатсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ;
- бехатарии иқтисодӣ;
- фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (фаъолияти маъмурии МКД);
- таъминоти ҳуқуқӣ ва бехатарии миллӣ.
Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисони ботаҷриба ҳамкориро миёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳуриҳои Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба роҳ мондааст. 
Тибқи дархости ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз соли 2022 теъдоди квотаҳо барои таҳсил дар шуъбаҳои иттилооти комуникатсионӣ ва технологияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таълимии ВКД Федератсияи Россия зиёд карда шуда, мутахассисони ботаҷриба барои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд. 
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2023 дар заминаи факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияи рақамӣ таъсис дода шуда, қабули довталабон дар ин самт ба роҳ монда шудааст.
Боиси қайд аст, ки дар соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ баҳри омода намудани мутахассисони ботаҷриба таҳсил дар муассисаҳои олии ВКД Ҷумҳурии Туркия низ ба роҳ монда шуда, айни замон  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду самт кормандони полис ва мутахассисони ҳарбӣ ба Академияиҳои Ҷумҳурии Туркия равон карда шудаанд. 
Дар ҳамин асос Вазорати корҳои дохилӣ хоҳишмандонеро, ки забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ, англисӣ ва шаҳрвандони болаёқате, ки фанҳои химия, математика ва технологияи компютериро хуб медонанд, барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар даъват менамояд.
Омода намудани парвандаҳои таълимии довталабон ҳамасола аз ҷониби кормандони дастгоҳҳои кадрии минтақаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, рӯйхати номзадҳо ва парвандаҳои таълимӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол карда мешаванд. 
Баъд аз ба пуррагӣ ворид гардидани парвандаҳои таълимӣ довталабон аз машварати донистани забонҳои хориҷӣ русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, баъдан тариқи қабули имтиҳонҳои зерин интихоб карда мешаванд;
- супоридани имтиҳон аз тайёрии ҷисмонӣ;
- супоридани диктант аз фанни забони русӣ;
- санҷиши тестӣ (донистани забони русӣ ё англисӣ);
- машварат.
Шуъбаи таълимӣ-тайёрии кадрҳо ва сафарҳои хориҷи кишвари Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

02.04.2025 17:20
23